21 марти соли равон ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа, муовини вазири корҳои хориҷї Шараф Шерализода ва роҳбари Котиботи Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” дар маросими ифтитоҳї дар 9-умин Форуми ҷаҳонии об, ки аз 21 то 26 марти соли равон дар шаҳри Дакари Ҷумҳурии Сенегал баргузор мегардад, иштирок намуд.
Маросими ифтитоҳии чорабинии мазкур бо иштироки президентҳои ҷумҳуриҳои Сенегал, Мавритания, Гвинея-Бисау, Њабашистон, Ҷумҳурии Конго, муовини Президенти Гамбия, роҳбари Шӯрои ҷаҳонии оби Бонки ҷаҳонӣ ва вазирони соҳавии кишварҳои хориҷӣ доир гардида, њамчунин дар он паёмҳои видеоии Императори Љопон ва Президенти Комиссияи Аврупо хонум Урсула фон дер Ляйн низ ироа гардиданд.
Президенти Ҷумҳурии Сенегал ҷаноби Макки Салл зимни баромади худ аҳамияти натиҷаи 9-умин Форуми ҷаҳонии об ва нақши Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028”, раванди омодагӣ ба баргузор намудани Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба баррасии миёнамуҳлати даҳсолаи об, ки 22-24 марти 2023 дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттањидаи Амрико таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд баргузор мегардад, қайд намуд.
Императори Ҷопон, Президенти Комиссияи Аврупо хонум Урсула фон дер Ляйн ва роҳбарони кишварҳои иштирокдор нақши Конфронси оби Созмони Милали Мутаҳидро дар баррасии масъалаҳои вобаста ба об дар сатҳи ҷаҳонӣ, муҳим арзёбӣ карданд.