21 марти 2022 дар Ҷумҳурии Сенегал вохӯрии ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири энергетика ва захираҳои оби кишвар Далер Ҷумъа ва муовини вазири корҳои хориҷӣ Шараф Шерализода бо вазири таҳкими муҳити зисти Ҷумҳурии Фаронса хонум Барбара Помпилӣ баргузор гардид.
Дар мулоқот вазирон доир ба натиҷаҳои сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Фаронса (14 ноябри 2021), татбиқи мувофиқаҳои ҳосилшуда миёни роҳбарони олии ду кишвар зимни он, инчунин густариши ҳамкориҳои муштарак дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ мубодилаи афкор намуданд.
Ҷонибҳо ҳамчунин имконияти роҳандозии ҳамкории дуҷонибаю бисёрҷонибаро дар чаҳорчӯби ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистону Фаронса ва Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” қайд намуда, дар ин росто нақши Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба баррасии миёнамуҳлати даҳсолаи об, ки 22-24 марти 2023 дар Ню-Йорк таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд баргузор мегардад, муҳим арзёбӣ карданд.