21 марти 2022 дар Сенегал мулоқоти вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа ва муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Шерализода бо вазири захираҳои об ва обёрии Ҷумҳурии Мисри Араб Муҳаммад Абделатӣ баргузор гардид.
Зимни он миёни ҷонибҳо доир ба натиҷаи сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мисри Араб (9-12 марти соли 2022), масъалаҳои мубрами рӯзномаи дуҷониба, инчунин ҷанбаъҳои ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” (Душанбе, 6-9 июни 2022), иҷлоси 27-ми Конференсияи ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (COP27, 7-18 ноябри 2022, шаҳри Шарм-уш-Шайх) ва Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба баррасии миёнамуҳлати даҳсолаи об (Ню-Йорк, 22-24 марти 2023) мубодилаи афкор сурат гирифт.