21 марти 2022 ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа ва муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Шерализода, ки барои иштирок дар нуҳумин Форуми ҷаҳонии об дар Дакар қарор дорад, бо муовини роҳбари Агентии рушд ва ҳамкории Швейтсария Кристиан Фрутигер мулоқот намуд.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Конфедератсияи Швейтсария ва дурнамои он баррасӣ карда шуд.
Ҳамчунин роҳандозии кӯшишҳои Тоҷикистон дар давраи ду даҳсолаи охир ба мақсади пешбурди масъалаҳои об дар рӯзномаи ҷаҳонии рушд таъкид шуда, аҳаммияти ҳадафу нақши Конфронси дуюми байналмилалии Душанбе таҳти унвони “Такон бахшидан ба амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ” 6-9 июни соли 2022 ҳамчун чорабинии муҳимми ҷаҳонии тадорукотӣ ба Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои ин Даҳсола дар соли 2023 (Ню-Йорк) муҳим арзёбӣ гардид.