22 марти 2022 дар Дакари Ҷумҳурии Сенегал ҳайати кишвар бо узвияти вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа, муовини вазири корҳои хориҷӣ Шараф Шерализода ва роҳбари Котиботи Конфронси дуюми оби Душанбе Султон Раҳимзода бо Президенти Шӯрои ҷаҳонии об Луик Фошон мулоқот намуд. Дар он ноиби Президенти Шӯрои ҷаҳонии об хонум Асма эл Касмӣ иштирок кард.
Дар вохӯрӣ аҳамияти ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои об ва тағйирёбии иқлим дар амалӣ намудани Рӯзномаи 2030 таъкид шуда, пешбурди Раванди оби Душанбе дар чорчӯби Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” идомаи фаъоли Тоҷикистон дар пайдо кардани роҳҳои самарабахши ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ дониста шуд.
Дар ин росто саҳми намояндаи Шӯрои ҷаҳонии об ҳамчун аъзои Кумитаи байналмилалии машваратии Раванди оби Душанбе ҷиҳати пешбурди татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” қайд гаридида, доир ба имконияти татбиқи ҳамкориҳои муштарак дар Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” (Душанбе, 6-9 июни 2022) табодули андеша сурат гирифт.
Луик Фошон иштироки худро дар Конфронси дуюми оби Душанбе тасдиқ намуда, омодагии Шӯрои ҷаҳонии обро ҷиҳати ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар робита ба масоили мавриди таваҷҷуҳ ва дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” иброз кард.
Ҳамчунин имконияти танзими нишастҳои муштараки баъдӣ дар чаҳорчӯби чорабиниҳои байналмилалию минтақавӣ ва дигар масъалаҳои мавриди эҳтимоми тарафайн муҳокима шуд.