22 марти 2022 ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа ва муовини вазири корҳои хориҷӣ Шараф Шерализода дар доираи иштирок дар 9-умин Форуми ҷаҳонии об дар Сенегал бо вазири корҳои ҷамъиятӣ ва манзили Ҷумҳурии Индонезия Басуки Хадимулҷоно мулоқот кард.
Дар мулоқот атрофи ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Индонезия, инчунин ҳамкориҳо дар доираи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ табодули назар сурат гирифт.
Аз вазири индонезӣ даъват ба амал оварда шуд, ки бо Тоҷикистон дар Конфронси дуюми байналмилалии Душанбе таҳти унвони “Такон бахшидан ба амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ” 6-9 июни 2022 ва Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои ин Даҳсола дар соли 2023 (Ню-Йорк) ҳамкорӣ сурат гирад.