Эълон барои ишғоли мансабҳои холӣ

Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон мекунад.

  1. Сармутахассиси раёсати истихроҷ, коркард ва таъминоти нафту газ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1380 сомонӣ;
  2. Сармутахассиси раёсати захираҳои об – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1380 сомонӣ;
  3. Сармутахассиси раёсати муносибатҳои байналмилалӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1380 сомонӣ;
  4. Сармутахассиси шуъбаи баҳисобгирӣ ва ҳисоботи муҳосибавӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1380 сомонӣ;
  5. Сармутахассиси бахши котибот – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1380 сомонӣ.

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

–  2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.

– малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ, донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист. Донистани забонҳои хориҷӣ ба инобат гирифта мешавад.

 

  1. Мутахассиси пешбари раёсати сармоягузорӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1124 сомонӣ;
  2. Мутахассиси пешбари шуъбаи коргузорӣ ва назорат – 1 ҷой, маоши мансабӣ -1124 сомонӣ;
  3. Мутахассиси пешбари бахши котибот – 1 ҷой, маоши мансабӣ -1124 сомонӣ;
  4. Мутахассиси пешбари бахши кадрҳо ва корҳои махсус – 1 ҷой, маоши мансабӣ -1124 сомонӣ;

 

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

– таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

– 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.       

– донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мавҷудияти дониш ва малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ, донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист. Донистани забонҳои хориҷӣ ба инобат гирифта мешавад.

 

  1. Мутахассиси раёсати сиёсати энергетикӣ ва захираҳои об, рушди илму техника – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 924 сомонӣ;
  2. Мутахассиси раёсати сармоягузорӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 924 сомонӣ;
  3. Мутахассиси раёсати электроэнергетика – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 924 сомонӣ;
  4. Мутахассиси раёсати муносибатҳои байналмилалӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 924 сомонӣ;
  5. Мутахассиси раёсати ҳуқуқ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 924 сомонӣ;

 

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

         – таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

         – донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист. Донистани забонҳои хориҷӣ ба инобат гирифта мешавад.

 

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин

пешниҳод карда мешаванд;

– ариза ба унвони роҳбари мақомот;

– варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (акси рангаи 3х4, ва 4х6, 4 дона);

– тарҷумаи ҳол;

– нусхаи хуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот (диплом);

– нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

– маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ (шакли №038УЕ);

– нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА);

– нусхаи шиноснома;

– нусхаи шаҳодатномаи дахлдори сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ;

– маълумотнома дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;

– нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати харбиро адо намудаанд);

– маълумотнома оиди надоштани доғи судӣ;

– маълумотнома аз ҷои истиқомат.

 

Ҳуҷҷатҳо аз ҷониби Бахши кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати 21 рўз баъди чопи аввалини эълон дар шакли хаттӣ ва электронӣ қабул карда мешаванд. Суроға: ш.Душанбе, кўчаи Шамсӣ 5/1, тел.235-97-68, mewr.tj,      email: kadr vazorat @ mail.ru