Санаи 27 апрели соли 2022 Далер Ҷумъа, Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври маҷозӣ бо Раиси CNPC ҷаноби Дай Ҳоулян мулоқот анҷом дод. Дар мулоқот, ҳамчунин намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ширкат доштанд.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ дар соҳаи нафту газ, аз ҷумла татбиқи лоиҳаҳои коркарди конҳои нав дар ҷанубу ғарби Тоҷикистон (лоиҳаи Бохтар) ва сохтмони лӯлаи гази Тоҷикистон-Чин (хати D) ва самтҳои нави дурнамои ҳамкориҳоро дар доираи ин лоиҳаҳо, мавриди баррасӣ қарор доданд
Корпоратсияи миллии нафту гази Чин (CNPC) бузургтарин корпоратсияи миллии нафту гази Чин ва яке аз бузургтарин гурӯҳҳои ҳамгирошудаи энергетикӣ дар ҷаҳон аст.
Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба таҳкими минбаъдаи корҳо вобаста ба сохтмон ва истифодабарии лӯлаи гази Тоҷикистон-Чин (хати D) ва лоиҳаҳои Бохтар табодули афкор намуданд. Зимнан зикр гардид, ки чунин вохӯриҳо, ки дар маҷмуъ барои вусъати минбаъдаи корҳо дар ин самт муфид арзёбӣ мегарданд, мунтазам гузаронида хоҳанд шуд.