Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти афзун гардидани таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳони ба масъалаҳои об ва муҳимияти захираҳои обӣ барои ноил гардидан ба рушди устувор масъалаҳоро вобаста ба об дар рӯзномаи ҷаҳонӣ тавсеа мебахшад.
Сар карда аз соли 2000 инҷониб бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Асамблеяи генералии СММ 7 қарордод вобаста ба ҳалли масъалаҳои об қабул намуд, ки номгӯи зерин аз муҳимтарини онҳо мебошанд:
Соли байналмилалии оби тоза, 2003
Қарори Ассамблеяи СММ аз 20 декабри 2000 года, 55/196, 55‐ум сессия (pdf) |
|
Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», 2005-2015
Қарори Асамблеяи Генералии СММ аз 23 декабри 2003 года, 58/217, 58‐ум сессия (pdf) |
|
Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об
Қарори Асамблеяи СММ аз 20 декабри соли 2010, 65/154, 65‐ум сессия (pdf) |
|
Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор»,
2018-2028 Қарордоди Асамблеяи Генералии МСС аз 21 декабри соли 2016 , A/RES/71/222, 71‐ум сессия (pdf) |
Ин ташаббусҳо дар фаҳмиши дурусти масъалаҳо ва мушкилоти марбут ба об дар сатҳи ҷаҳонӣ ва ҳалли онҳо барои рушди иқтисодию иҷтимоӣ, таъмини устувории ҳифзи муҳити зист, ба даст овардани сулҳу субот ва дар маҷмуъ рушди устувор саҳми арзанда гузоштаанд.
Маълумоти муфассалро вобаста ба ташаббусҳои глобалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нашриёти зерин бо забони русӣ метавон дастрас намуд.
Глобальные водные инициативы Таджикистана (pdf)
Международное дестиялетие действий “Вода для устойчивого развития”, 2018-2028гг. (pdf)