Дар асоси супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №29/10-121 аз 13 апрели 2022 санаҳои 23 – 24 апрели соли 2022 ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа, узвияти муовини вазири корҳои хориҷӣ Шараф Шерализода ва роҳбари Котиботи Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” (6-9 июни 2022, Душанбе) Султон Раҳимзода дар маросими ифтитоҳи Саммити чоруми оби кишварҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором, ки дар шаҳри Кумамотои Япония баргузор гардид, иштирок намуд.
Саммити оби Кумамото дар мавзӯи “Об барои рушди устувор: Таҷрибаи пешқадам ва насли оянда” баргузор гардида, дар он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Императори Япония муҳтарам Наруҳито, Сарвазири Япония Фумио Кишида, Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш, роҳбарони давлатҳо ва ҳукуматҳои Индонезия, Филиппин, Науру, Шри-Ланка, Туркманистон, Камбоҷа, Тувалу, Лаос, Бутан, Ветнам, Бангладеш, Таиланд, Ниуэ, Ҷазираҳои Маршал ва муовини Сарвазири Узбекистон ба таври ҳузурӣ, мустақим ва паёми видеоӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иштирокчиёни Саммити чоруми оби кишварҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором дар мавзӯи “Об барои рушди устувор: Таҷрибаи пешқадам ва насли оянда”дар шакли видеоӣ ироа гардид.
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар панелҳои махсус оид ба “Об ва офати табиӣ/Тағйирёбии иқлим”, “Об ва камбизоатӣ/баробарии гендерӣ” ва “Масъалаҳои оби марбут ба Ҳадафҳои рушди устувор ва давраи пасазбуҳронии COVID-19” иштирок намуда, дар бораи ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат дар соҳаҳои обу тағйироти иқлим, Конфронси дуюми оби Душанбе, ҳамраисии Пешвои миллат дар Конфронси оби СММ, эълон намудани 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, танзими баробарии гендерӣ дар идораи захираҳои об дар Тоҷикистон ва таъсиси Форумҳои ҳавзаи занон ва дигар мавзӯъҳои соҳавӣ суханронӣ кард.
Дар санади ниҳоии Кумамото пешбурди Раванди оби Душанбе дар чорчӯби Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028”, ки бо дарназардошти ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат ҳамчун идомаи иштироки фаъоли Тоҷикистон дар пайдо кардани роҳҳои самарабахши ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ қабул шудааст, дарҷ гардид.
Дар баробари ин, 23 апрел ҳайати кишвар бо вазири рушди Давлати Бруней-Доруссалом Дато Сери Сетиа Ир Аванг Ҳоҷӣ Суҳайнӣ бин Ҳоҷӣ Ғафор мулоқот карда, зимни он масоили марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ гардид ва аз вазири брунейӣ даъват карда шуд, ки бо Тоҷикистон дар тадорукоти Конфронси дуюми оби Душанбе ва Конфронси оби СММ ҳамкорӣ намояд.
24 апрел вохӯрии ҳайати Тоҷикистон бо вазири муҳити зист, тағйироти иқлим ва фанноварии Малдив Аҳмад Муҷтаба баргузор гардид, ки дар он ҷонибҳо доир ба имконияти густариши ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла гардишгарӣ, табодули андеша намуданд. Иштироки ҳайати он кишвар дар Конфронси дуюми оби Душанбе ва ташкили чорабиниҳои алоҳида дар доираи чорабинӣ байни мақомоти соҳавии Тоҷикистону Малдив метавонад ба густариши ҳамкориҳои дуҷониба саҳм гузорад.
Ҳуди ҳамон рӯз ҳайати кишвар бо котиби Комиссияи тағйирёбии иқлими Ҷумҳурии Филиппин Роберт Борхе мулоқот намуда, зимни он масоили марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ гардид ва нақши ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳалли мушкилоти глобалии сайёра дар татбиқи барномаи Ҳадафҳои рушди устувори СММ махсус қайд карда шуд. Андешидани тадбирҳои муштарак ҷиҳати рафъи оқибатҳои тағйирёбии иқлим, инчунин тадорукот ба Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” (6-9 июни 2022, Душанбе), ки ҳамчун ҳалқаи асосӣ барои пайвастани занҷираи чорабиниҳои гуногуни ҷаҳонӣ хизмат карда, дар раванди омодагӣ ба Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба шарҳи фарогири миёнамуҳлати даҳсолаи об (22-24 марти 2023, Ню-Йорк) нақши калидӣ хоҳад дошт, дар меҳвари гуфтугӯи ҷонибҳо қарор доштанд.
Дидори навбатӣ бо раиси шаҳри Кумамотои Япония Казуфуми Онишӣ сурат гирифт, ки дар он густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Ҷопон ва зарурати барқарор кардани муносибатҳои бародаршаҳрӣ муҳокима гардид. Аз Казуфуми Онишӣ даъват ба амал оварда шуд, ки ҳамчун раиси шаҳри мизбони Саммити чоруми оби кишварҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором дар Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” (6-9 июни 2022, Душанбе) иштирок намояд.
Ҳайати кишвар ҳамчунин бо вакили Палатаи намояндагон, собиқ вазири адлияи Ҷопон хонум Йоко Камикава мулоқот карда, ҷонибҳо раванди омодагӣ ба Конфронси дуюми оби Душанбе ва ҳадафу нақши калидии он дар Конфронси СММ оид ба шарҳи фарогири миёнамуҳлати даҳсолаи обро муҳокима карданд.