Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар ҷаласаи панелии вазирон оид ба «Таъсиси заминаи устувор барои бахши қобили амал ва устувори хизматрасонӣ дар бахши энергетика ва захираҳои об» ширкат варзид. Маврид ба қайд аст, ки панели мазкур қисми таркибии Конгресси умумиҷаҳонии энергетика ва саноати об ба шумор меравад.
Дар панел стратегияҳое, ки кишварҳо барои таъмини ояндаи бахшҳои миллии об ва энергетикии худ, инчунин барои ноил шудан ба ҳадафҳои миёнамӯҳлат ва дарозмуддати кам кардани партовҳои гази карбон (СО2) истифода мекунанд, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Далер Ҷумъа вобаста ба кам намудани партовҳои гази карбон (СО2) сухан ронда, ҳамчунин иқтидори бузурги Тоҷикистонро дар истеҳсоли энергияи аз ҷиҳати экологӣ тоза ва саҳми кишвар дар коҳиши партовҳои зараровар тавассути вусъат додани робитаҳои энергетикӣ бо он кишварҳои минтака, ки энергияи анъанавиро истифода мебаранд, махсус қайд намуд. Ва набояд фаромуш кард, ки вогузор намудани ваколатҳо ба сатҳи маҳаллӣ дар ин раванд, нақши хеле муҳим хоҳад дошт.
Вай ҳамчунин зикр кард, ки бо вуҷуди он ки ҳудуди 95 дарсади нерӯи барқ дар нерӯгоҳҳои барқи обӣ тавлид мешавад, Тоҷикистон яке аз осебпазиртарин кишварҳои ҷаҳон дар баробари раванди тағйири иқлим аст.
Дар ин нишаст ҳамчунин раиси Департаменти энергетикии Абу Даби – Авайда Муршед Ал-Марар, вазири энергетикаи Ҷумҳурии Озарбойҷон Парвиз Шаҳбозов, вазири энергетикаи Қирғизистон Досқул Бекмурзаев ва директори генералии нефт ва гази Индонезия Тутука Ариҷӣ ширкат доштанд.