Зимни вохӯрӣ Далер Ҷумъа – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ ва имкониятҳои тавлиди энергияи сабзу аз лиҳози экологӣ тоза сухан гуфт.
Ҳамчунин, пешравиҳо дар самти ислоҳоти соҳаи энергетика иброз гардида, инчунин нақшаи диверсификатсияи манбаъҳои тавлиди неру асосан аз ҳисоби энергияи офтоб ва бод иброз гардид. Далер Ҷумъа бо такя ба таҷрибаи Ҷумҳурии Озарбойҷон дар соҳаи нафту газ низ ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак оид ба коркард ва азхудкунии манотиқи ояндадори нафту гази Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷӯҳ зоҳир намуд.
Вазири энергетикаи Ҷумҳурии Озарбойҷон аз хоҳиши ҷониби Тоҷикистон барои рушди энергетикаи сабз, сарфи назар аз саҳми бартарии он дар тавозуни энергетикии системаи энергетикии Тоҷикистон, инчунин дар муайян кардани заминаҳои муштарак барои омӯзиш ва таҳияи лоиҳаҳои ояндадори минтақаҳои нафтугаздор истиқбол кард ва дар ин замина пешниҳод намуд, ки мулоқот дар сатҳи коршиносон бо ширкати «Socar»-и Озарбойҷон баргузор шавад.