Дар Конгресси умумиҷаҳонии энергетика ва саноати об дар пойтахти Аморати Муттаҳидаи Араб, Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Масдар»-и Аморати Муттаҳидаи Араб самтҳои ояндадори ҳамкорӣ дар соҳаи татбиқи лоиҳаҳои рушди энергетикаи офтобу бодро баррасӣ намуданд.
Далер Ҷумъа зимни суханрониаш қайд кард, ки ҳудуди 95 дарсади неруи барқ дар Тоҷикистон дар заминаи иқтидори бузурги обӣ дар неругоҳҳои барқи обӣ тавлид мешавад. Бо вуҷуди ҳиссаи бартарии энергияи сабз дар тавозуни умумии энергетикӣ, Тоҷикистон яке аз осебпазиртарин кишварҳои ҷаҳон дар баробари раванди тағирёбии иқлим ба шумор меравад. Дар робита ба ин, барои ноил шудан ба ҳадафҳои асосии рушди соҳа, ки яке аз онҳо диверсификатсияи манбаъҳои тавлидот мебошад, афзоиши ҷиддии захираҳои нави энергияи офтоб ва бод дар назар аст. Ин тарҳҳо бо пуштибонии Бонки Ҷаҳонӣ ва Бонки Осиёии Рушд омода мешаванд.
Фавоз Ал-Муҳаррамӣ, директори иҷроияи рушди ширкати «Масдар» ҷиҳати роҳандозии ҳамкориҳо дар ин самт ҳавасмандӣ изҳор намуд. Ў ҳамчунин қайд кард, ки ширкати «Масдар» дар рушди инфрасохтори тавлиди офтобу бод иқтидори зарурӣ дорад. Ширкат инчунин таҷрибаи воқеиро дар ин самт доро мебошад. Ширкати «Масдар» дар бозори Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳузур дорад ва ният дорад ҳузурашро дар минтақаи Осиёи Марказӣ васеъ намояд.
Фавоз Ал-Муҳаррамӣ таъкид кард, ки ширкати «Масдар» дар тендерҳои байналмиллалии пешбинишудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳ дорад ва фаъолона ширкат хоҳад кард ва ҳамзамон имкони иҷрои мустақими чунин тарҳҳоро таҳия хоҳад кард.