Конфронси минтақавӣ: «Рушди ояндаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Осиёи марказӣ»

Таърих ва макони ҷорабинӣ: 2-4 июни соли 2022, ш. Душанбе, меҳмонхонаи Румӣ, куч. М. Турсунзода 10

Маълумоти умумӣ

Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ буда, иқтидори истеҳсоли  солонаи энергияи барқ 527 млрд.кВт.соат арзёбӣ мегардад. Бояд қайд намуд, ки 95 фоизи иқтидори гидроэнергетикии аз чихати иктисодӣ имконпазир то ҳол азхуд карда нашудааст. Инчунин, илова ба захираҳои гидроэнергетикӣ, захираҳои зиёди тавлиди неруи барқ ​​аз ҳисоби манбаъҳои шамол, офтоб ва дигар манбаъҳои барқароршавандаи энергия (МБЭ) мавҷуд мебошад. Бояд гуфт, ки талаботи дохилӣ ва минтақавӣ ба неруи барқ ​​бунёди иқтидорҳои нави истеҳсолӣ ва барқарорсозии иқтидорҳои истеҳсолии мавҷударо тақозо менамояд.

Расидан ба истиқлолияти энергетикӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун яке аз чор ҳадафи стратегӣ дар доираи Стратегияи Миллии Рушд то соли 2030 муайян карда шудааст. Дар Стратегияи Миллии Рушди Тоҷикистон то соли 2030 дар бахши энергетика нишондиҳандаҳои асосии рушд дар соҳаи энергетика муайян карда шудаанд аз ҷумла, – 10/10/10/10-500, ки афзоиши иқтидорҳои лоиҳавии низоми энергетикаи кишвар то 10 ГВт, коҳиш додани талафоти техникӣ ва тиҷоратӣ дар шабакаҳо то 10%, афзоиши содироти солонаи энергияи барқ ​​дар як сол то 10 миллиард кВт.соат, диверсификатсияи иқтидорҳои низоми электроэнергетикаи ҷумҳурӣ аз дигар намуди манбаъҳои истеҳсолӣ то 10 фоиз ва иловатан ба даст овардани беш аз 500 миллион кВт/соат. неруи барқ дар як сол аз ҳисоби манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва истифодаи технологияҳои каммасраф.

Ба сабаби тағйирёбии иқлим ва бо суръати тез тағйир ёфтани нишондиҳандаҳои гидрологии дарёҳо ва мавсимӣ будани маҷрои дарёҳо, инчунин маҳдуд будани иқтидори НБО-ҳо барои қонеъ гардонидани талабот ба қувваи барқ дар давраи тирамоҳу зимистон, масъалаи ба таври васеъ афзоиш додани манбаъхои баркароршавандаи энергия торафт аҳамияти аввалиндараҷа пайдо карда истодааст.

Қонеъ гардонидани талаботи рўзафзун аз ҳисоби сохтмони неругоҳҳои барқии ҳароратӣ (МБГ) бинобар баланд будани арзиши сохтмон, инчунин арзиши баланди истихрочи ангишт на ҳамавақт асоснок аст. Илова бар ин, мушкилоти экологӣ ва талаботи зиёд нисбат ба ихроҷи моддаҳои зараровар ва газҳои гулхонаӣ аз сӯзишвории ангишт, пеш аз ҳама CO2, ба рушди неругоҳҳои ҳароратӣ бо ангишт мусоидат намекунанд.

Бо назардошти он, ки тамоми сохаҳои хоҷагии халк ва мутаносибан некуахволии сокинон аз рушди соҳаи энергетика вобастагӣ дорад, рушду нўмуи иктисодиёти мамлакатро бе рушди соҳаи энергетика аз ҷумла манбаъҳои барқароршавандаи энергия.тасаввур кардан ғайриимкон аст.

Ҳамин тариқ, афзоиши тавлиди нерӯи барқ ​​дар системаи энергетикии Тоҷикистон омили муҳими роҳи рушди кишвар ба шумор меравад ва аз ин рӯ, бояд ба пешбурди энергияи барқароршаванда таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда шавад. Қобили зикр аст, ки дар солҳои охир лоиҳаҳои бисёр аз ҳисоби манбаъҳои барқароршавандаи энергия барои таъмини нерӯи барқ ​​ва оби гарм дар иншоотҳои давлатӣ ва хусусӣ, аз ҷумла дар ноҳияҳои дурдаст ва баландкух амалӣ карда шуданд. Аммо барои истифодаи васеи манбаъҳои барқароршавандаи энергия як қатор мушкилот, аз ҷумла, набудани маълумот дар бораи захираҳои омўхташуда вобаста ба дурахши офтоб ва суръати шамол, дастгирии нокифоя аз тарафи мақомотҳои давлатӣ, арзиши баланди технологияҳо ва огоҳии нокифояи истифодабарандагони ниҳоӣ, ҷой дорад.

Бо мақсади сафарбар намудани захираҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилотҳои байналмилалӣ ва ғайриҳукуматӣ, бахши хусусӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор барои ноил шудан ба ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030 Конфронси минтақавии «Дуромадҳои рушди энергияи барқароршаванда дар Осиёи Марказӣ» метавонад як платформаи зарурӣ гардад.

Максади конференция

Ҳадафи аслии конфронс мусоидат ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва самаранокии энергия дар Осиёи Марказӣ мебошад. Барои ноил шудан ба ҳадафҳои гузошташуда конфронс ба ҳалли вазифаҳои зерин мусоидат мекунад:

  • муайян намудани чораҳои мушаххас оид ба дастгирии сохторҳои давлатӣ вобаста ба мукаммалсозии қонунгузорӣ;
  • Ҷустуҷӯи моделҳои мувофиқтарини тиҷорат, ки ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва ҷалби сармоягузорӣ нигаронида шудаанд;
  • шиносоӣ бо таҷрибаи беҳтарини байналмилалӣ оид ба пешбурди МБЭ;
  • Иттилоот дар бораи лоиҳаҳои амалишуда ва ҷории ВИЭ ва ташкили платформаи ҳамкорӣ.

Натиҷаҳои чашмдоштӣ

Конфронс ба омӯзиши амиқи таҷрибаи кишварҳои Осиёи Марказӣ дар арзёбии манбаъҳои офтобӣ ва бодӣ, ҳамчунин барои ҷоннок намудани фаъолияти ин кишварҳо ҷиҳати рушди иқтидори мавҷудаи МБЭ мусоидат мекунад. Илова бар ин, чорабинӣ имкон медиҳад, ки табодули таҷриба ва таҳияи тавсияҳо оид ба фаъолсозӣ ва таҳкими талошҳо барои ноил шудан ба ҳадафҳо ва вазифаҳои рушди устувор дар соҳаи энергетика таъмин карда шавад.

Ташкилотчиён

Конфронс аз ҷониби Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID)- лоиҳаи «Энергетикаи Осиёи Марказӣ», Барномаи рушди СММ (UNDP), Ассотсиатсияи манбаъҳои барқароршавандаи энергияи Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии «Неруи Тоза».

Иштирокчиёни эҳтимолӣ

Намояндагони созмонҳои байналмиллалӣ, аз қабили UNDP, USAID, AKDN, Бунёди Оғохон, Бонки Умумиҷаҳонӣ, БОР, БАТР, инчунин дигар созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, институтҳои байналмилалии молиявӣ, доираҳои корӣ, созмонҳои ғайриҳукуматии экологӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, муассисаҳои илмӣ. ва дигар ҷонибҳои манфиатдор.

Чорабиниҳои мувозӣ (параллелӣ)

Конференция ба намояндагони хайатҳои гуногун имконият медихад, ки аз руи масъалахои барои ҷонибҳо қобили таваҷҷуҳ чорабинихои иловагии ташкил карда шаванд.

Забони корӣ

Забонҳои кории Конфронс англисӣ ва русӣ (бо тарҷумаи синхронӣ) мебошанд.