Санаи 10-уми июни соли равон дар толори маҷлисгоҳи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Синои пойтахт баргузор гардид. Дар кори мачлис Далер Ҷумъа – Вазири энергетика ва захираҳои об, А. Ширинбекзода – мудири шуъбаи ташвиқотию тарѓиботии КМ ҲХДТ, З.Файзуллозода – Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Сино ва кулли кормандони Вазорат иштирок намуданд.
Рўзномаи маҷлис асосан масъалаҳои зерин, аз ҷумла Ҳисоботи ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ оид ба ҷамъбасти фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2021 то моҳи июни соли 2022 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда, интихоби раис ва муовини раиси ташкилоти ибтидоӣ, интихоби вакил ба Конференсияи XXXXII ҳисоботӣ – интихоботии ташкилотҳои ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва дигар масъалаҳои ташкилӣ иборат буд.
Баъд аз суханони ифтитоҳии раиси маҷлис – Вазири энергетика ва захираҳои об, муҳтарам Далер Ҷумъа, ҳисоботи ташкилоти ибтидоии «Энергетика ва захираҳои об» – Н.Раҳимзода шунида шуда, сипас фикру мулоҳизаҳои иштирокчиён – ҳизбиёни Вазорат баён гардиданд.
Бо натиҷаҳои маҷлиси баргузоргардида, натиҷаҳои фаъолияти ташкилоти ибтидоии «Энергетика ва захираҳои об» дар давраи аз моҳи июни соли 2021 то моҳи июни соли 2022 қаноатбахш ҳисобида шуда, ҳамзамон тариқи овоздиҳии кушода, якдилона Далер Ҷумъа – Раис ва Н.Раҳимзода – муовини Раиси ташкилоти ибтидоии «Энергетика ва захираҳои об»-и Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамчунин Далер Ҷумъа ба ҳайси вакил ба Конференсияи XXXXII ҳисоботӣ – интихоботии ташкилотҳои ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе пазируфта шуд.