Мулоқоти Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазири энергетика ва захираҳои оби Баҳрайн

Санаи 7 июни соли 2022 Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъа Далер Шофақир бо Вазири энергетика ва захираҳои оби Баҳрайн ҷаноби Ал-Мубарак Вилл, ки дар Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» (6-9 июни соли 2022) иштирок дошт, баргузор гардид. Дар ҳошияи вохўрии мазкур миёни ҷонибҳо вобаста ба масъалаҳои обию энергетикӣ ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷонибаро дар самтҳои мухталиф изҳори андеша намуданд.