Дар ҳошияи Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» (6-9 июни соли 2022) санаи 7 июни соли 2022 вохўрии Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раиси Кумитаи давлатии хоҷагии оби Турманистон ҷаноби Гуйзгелди Байҷанов баргузор гардид. Зимни мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба тақвият ва густариши ҳамкориҳоро дар соҳаи об мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Зимнан ҷониби туркманистонӣ пешниҳод намуд, ки фаъол намудани ҳамкориҳоро дар доираи Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи об ба манфиати кор муҳим арзёбӣ намуд.