Санаи 24-уми июн дар толори маҷлисгоҳи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кулли масъулин ва кормандони дастгоҳи марказии Вазорат маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори 25-умин солгарди ҷашни Ваҳдати миллӣ баргузор гардид.
Маҷлиси тантанавиро муовини Вазир Сафарзода М.Б. бо суханони табрикотӣ ифтитоҳ намуда, дар бораи пайдоиш ва таърихи ин ҷашни муқаддас суханронӣ намуд.
Қайд гардид, ки 25-умин солгарди ҷашни Ваҳдати миллӣ, ки бунёдузори осудагии мардум ва кафолати пешравии ҷомеа ба ҳисоб рафта, маҳз бо кўшишу заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, моро ҷониби рушду нумўи Ватани маҳбуб ва устувор гардидани дўстиву якдилии байниҳамдигарӣ раҳнамоӣ менамояд.
Сипас, кормандон бо навбат ба сухан баромада, вобаста ба ин рўйдоди фараҳбахш, ки дар таърихи навини кишвар ҳамчун санаи ҳамдигарфаҳмиву ҳамдигарбахшӣ бо ҳарфҳои заррин ҳаққокӣ гардидааст, фикру мулоҳизаҳои худро баён намуданд.
Дар хотима, аз ҷониби иштироккунандагони маҳфил якдилона иброз гардид, ки бигузор ин муттаҳидиву ягонагӣ ҳамчун сарчашмаи бахту иқболи миллати тоҷик ва омили муҳими пешбарандаи давлат, ҳамеша пойдору устувор боқӣ монад.