Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа санаи 23 июни соли 2022 дар ҷаласаи пленарии Форуми энергетикии Узбакистон 2022, ки дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон баргузор гардид, ширкат варзид.

Вазири энергетика ва захираҳои об дар суханронии худ аҳамияти мавзӯи гузариш ба энергияи тоза ва устуворро қайд кард. Вай, ҳамчунин, дар бораи саҳми назарраси энергияи сабз дар тавозуни умумии энергетикии Тоҷикистон, ки дар нерӯгоҳҳои барқи обӣ тавлид мешавад ва дар бораи нақшаҳои афзоиши тавлид аз ҳисоби бунёди нерӯгоҳҳои нав ва барқарорсозии нерӯгоҳҳои мавҷуда ва инчунин чорй намудани дигар навъхои манбаъхои баркароршавандаи энергия, суханронӣ намуд.
Далер Ҷумъа, ҳамчунин аз бунёди ду нерӯгоҳи барқи обӣ бо иқтидори умумии 320 МВт дар ҳавзаи дарёи Зарафшон ёдовар шуд, ки барои пешбурди онҳо Ҷамъияти саҳомии «ТАУЗ Гидро» байни ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон таъсис дода шудааст.
Дар ин замина, ҳамчунин омодагӣ барои таҳияи тарҳҳои азхудкунии муштараки манбаъҳои обиву энергетикӣ бо шарикон аз кишварҳои дигар низ иброз гардид.