Дар ҳошияи Форуми энергетикии Узбакистон 2022 вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон – Далер Ҷумъа бо директори минтақавии IRENA ҷаноби Бину Партан мулоқот кард.
Тарафҳо бо дарназардошти иқтидори назарраси рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, самтҳои имконпазири ҳамкориҳоро дар ин самт баррасӣ намуда, бо мақсади муайян намудани заминаҳои умумӣ ва муайян намудани самтҳои дахлдори ҳамкорӣ ба мувофиқа расиданд, ки мулоқотро дар сатҳи коршиносон дар формати видеоконфронс амалӣ намоянд.
Дурнамои рушди водороди сабз низ дар асоси таҷрибаи ширкати IRENA дар ин самт баррасӣ шуд. Дар навбати худ, IRENA омодагии комили худро барои дастгирии Тоҷикистон дар омӯзиш ва пешбурди минбаъдаи ин навъи технологияи барқароршавандаи энергия изҳор намуд.