Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суханронии худ иқтидори бузурги манбаъҳои энергетикиродар қаламрави СҲШ ва бахусус Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуд.
Вазир нақшаҳои Тоҷикистонро дар самти афзоиши энергияи сабз қайд намуда, дар ин робита аз сохтмони неругоҳи барқи обии Роғун бо иқтидори 3780 МВт таъкид кард, ки анҷоми он на танҳо ба таъмини амнияти энергетикӣ, балки таъмини ҳамсоякишварҳо бо неруи барқи аз лиҳози экологӣ тоза мусоидат хоҳад кард.
Вазир ҳамчунин ба мавзӯи ҳамкориҳои минтақавӣ дар соҳаи истихроҷи захираҳои гидроэнергетикӣ дахл намуда, лоиҳаи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистонро оид ба сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ дар ҳавзаи дарёи Зарафшон ёдовар шуд, ки барои пешбурди он муштаракан байни мамлакатхо чамъияти сахомии «ТАУЗ ГИДРО» ташкил карда шуд.
Мавзӯи тавсеаи робитаҳои минтақавии байнисистемаи энергетикӣ низ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, қайд гардид, ки Тоҷикистон дар қатори дигар кишварҳо лоиҳаи CASA-1000-ро амалӣ мекунад ва инчунин пайвастан ба ҳалқаи ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ, ки яке аз ҳадафҳои он интиқоли неруи сабзи Тоҷикистон ба кишварҳои минтақа ба ҳисоб меравад.
Дар ҷаласа вазирони энергетикаи кишварҳои узви СҲШ, сафирон ва дигар шахсони манфиатдор ширкат доштанд. Дар ҷамъбасти ҷаласа лоиҳаи Барномаи ҳамкории кишварҳои узви СҲШ дар соҳаи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи амалии Консепсияи ҳамкории кишварҳои узви СҲШ дар соҳаи энергетика тасдик карда шуданд.