Ҷонибҳо рӯзномаи ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ намуда, ба БАТР барои саҳмаш дар рушди соҳаи энергетикаи Тоҷикистон изҳори сипос карда шуд.
Илова бар ин, ҷонибҳо ба мавзӯи идомаи ҳамкорӣ дар самтҳои ҷорӣ намудани баҳисобгирии муҳосибӣ, рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия, бахусус энергияи офтобу шамол, инчунин саҳми эҳтимолии БАТР дар раванди ислоҳоти соҳаи энергетика тавассути пешниҳоди воситаҳои молиявӣ барои баланд бардоштани устувории молиявии ширкати «Барқи Тоҷик» дахл намуданд.