Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон рӯзномаи ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ карданд.

Далер Ҷумъа бо муовини якуми вазири энергетикаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Азим Аҳмадхадҷаев мулоқот намуд.
Ҷонибҳо рӯзномаи ҳамкориҳо дар бахши сӯзишворӣ ва энергетика, аз ҷумла, суръат бахшидан ба татбиқи лоиҳаи сохтмони ду неругоҳи барқи обӣ дар ҳавзаи дарёи Зарафшон, имкони таъмини сӯзишвории синтетикӣ бо назардошти ба кор андохтани корхонаи нави коркарди GT дар Ӯзбекистон ва инчунин вусъат додани сохтмони неругоҳи барқи ҳароратӣ дар асоси кони ангишт дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуданд.
Мулоқот дар чаҳорчӯби ширкати вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон обии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Форуми энергетикии Узбекистон-2022 ва ҳамчунин ҷаласаи вазирони энергетикаи кишварҳои узви СҲШ баргузор гардид.