Дар Вазорати энергетика ва захираҳои ои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба иҷрои супориши ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани завқи китобхонии кормандон ҳар ҳафта – рўзҳои сешанбе ва ҷумъа маҳфилҳои китобхонӣ баргузор карда мешавад.
Дар ҷараёни маҳфил иштироккунандагон шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров – «Тоҷикон»-ро мутолиа ва оид ба муҳтавои ин асари бузург изҳори назар менамоянд.
Зимни баргузории чорабинии навбатӣ санаи 5-уми июл, аз ҷониби масъулин ва кормандон қайд гардид, ки китобдўстиву китобхонӣ аз қадимулайём яке аз рукнҳои асосӣ ва омили пешбарандаи миллати соҳибфарҳангу соҳибтамаддуни халқи тоҷик ба шумор меравад. Аз ин лиҳоз, рўй овардан ба китобхониву китобдўстӣ асолати ҳамешагии халқи мо то имрўзҳо боқӣ мондааст. Кормандони Вазорати энергетика ва захираҳои об низ аз ин падидаи нек дар канор нестанд.
Зимни мутолиаи шоҳасари аллома, Қаҳрамони миллати тоҷик, академик Бобоҷон Ғафуров, ки воқеан ҳам маълумоти фаровонеро дар бар мегирад ва равзанаест ба олами пуршебу фарози таърихи ғановатманди халқи куҳанбунёди тоҷик, аз ҷониби кормандони Вазорат иброз гардид, ки ин шоҳасар, ки дар он ба тамоми паҳлуҳои ҳаёти халқи тоҷик дар таърихи асрҳову замонҳо, ҳам аз ҷиҳати сиёсиву иқтисодӣ ва ҳам аз лиҳози иҷтимоию фарҳангӣ дахл карда шудааст, то ба дараҷае пурмуҳтавою фарогир аст, ки дар ситоишаш муҳаққиқони варзида суханҳои баланд гуфта, аз ҷумла «шиносномаи таърих ва тамаддуни миллати тоҷик» номидаанд.