14 июли соли 2022 дар пойтахти Ҷумҳурии Казоқистон, шаҳри Нур- Султон ҷаласаи 60-уми Шӯрои энергетикии ИДМ бо иштироки намояндагони Ҷумҳурии Қазоқистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Арманистон, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Молдова, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Туркманистон дар мавзӯи «Саҳми саноати энергетикии камкарбон дар рушди устувори ИДМ бо дарназардошти масъалаҳои амнияти энергетикӣ» баргузор гардид, ки дар кори он ҳайати Тоҷикистонро Далер Ҷумъа – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарӣ намуд.
Дар рафти кори ҷаласа масъалаҳои мубрами рушди саноати барқи устувор, кам намудани газҳои гулхонагӣ, ҳамкориҳои кишварҳои ИДМ дар соҳаи энергияи таҷдидшаванда бо дарназардошти таъмини амнияти энергетикии миллӣ ва минтақавӣ баррасӣ гардида, як қатор ҳуҷҷатҳо, ки Шўрои ҳамоҳангсозии назди Шўрои электро энергетикии ИДМ пешниход кардааст, баррасй шуданд.
Зимни баромади худ Далер Ҷумъа аз ҷумла иброз дошт, ки Тоҷикистон тадбирҳои судманду заруриро ҷиҳати баланд бардоштани тавлиди энергияи сабз минбаъд низ идома хоҳад дод. Зеро, тағйирёбии иқлим ва равандҳои босуръати гармшавии ҷаҳонӣ ба дурнамои рушди минтақавии энергетикӣ низ таъсири бевоситаи худро гузошта истодаанд.
Ин равандҳо барои соҳаи электроэнергетикаи Тоҷикистон низ паёмадҳои манфӣ доранд. Зеро дар Тоҷикистон миқдори зиёди об барои нерӯгоҳҳои барқи обӣ маҳз аз ҳисоби пиряхҳо, ки бо суръати баланд об шуда истодаанд, истифода мегарданд. Ба ақидаи коршиносон, пиряхҳои Тоҷикистон давоми асри 20 тақрибан 30 дарсади ҳаҷми худро аз даст додаанд.
Барои мутобиқ шудан ба воқеиятҳои мавҷуда Тоҷикистон нақша дорад, ки тавлидотро тавассути ҷорӣ кардани манбаъҳои барқароршавандаи энергия афзоиш диҳад. Бо дастгирии шарикони рушд лоиҳаи якчанд стансияҳои офтобӣ бо иқтидори умумии 460 МВт таҳия шуда истодаанд.
Тоҷикистон барои афзоиши ҳаҷми тавлиди энергияи тоза ва коҳиш додани партовҳои CO2 ва ноил шудан ба ҳадафҳои миллӣ минбаъд низ кўшиш ба харҷ хоҳад дод – қайд намуд дар охир Вазир.