14 июли соли 2022 ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа ва Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон Хайрулло Ибодзода дар ҳошияи Ҷаласаи 60-уми Шӯрои энеретикии ИДМ бо вазири энергетикаи Ҷумҳурии Қазоқистон Акчулаков Болат Уралович мулоқот доир гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо сатҳи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Қазоқистонро дар бахши обу энергетика, аз ҷумла суръат бахшидан ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак, рушди энергияи сабз бо назардошти нерӯгоҳҳои сохташудаи хурду миёна, сохтмони нерӯгоҳҳои нав, пайвастшавии Тоҷикистон ба низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ, ташкили бозори минтақавӣ, истихроҷ ва коркарди нафту газ ва воридоти нафту газ аз Қазоқистон ба Тоҷикистон муҳокима намуданд.