Санаи 12 августи соли 2022 Вазири энергетика ва захираҳои об, муҳтарам ҷумъа Далер Шофақир Сафири Фавқулодда ва Мухтори ҷумҳурии қазоқистон дар ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Туреханов Валихан Амирхановичро ба ҳузур пазируфт. Зимни баргузории мулоқот ҷонибҳо маҷмуи масъалаҳо оид ба тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба дар самти обу энергетика байни Тоҷикистону қазоқистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Вазири энергетика ва захираҳои об ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону қазоқистонро дар бахшҳои гуногун дар сатҳи баланд арзёбӣ намуд.
Зимнан, Сафир қайд намуд, ки сармоягузорони қазоқистонӣ омодаанд дар татбиқи лоиҳаҳои соҳаи энергетикии Тоҷикистон саҳми худро гузоранд ва мо баҳри расидан ба ин ҳадафҳои гузошташудаи кишварҳоямон кўшиш хоҳем намуд.
Дар маҷмуъ, вохўрӣ дар фазои дўстона ва ҳусни тафоҳум баргузор гардид.