Коррупсия

Санаи 12-уми августи соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони масъули Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва бо иштироки кулли кормандони дастгоҳи марказии Вазорат нишасти корӣ баргузор гардид. Зимни нишасти мазкур аз ҷониби намояндагони Агентӣ мазмуну муҳтавои моддаи 22-и қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия» ба иштироккунандагон фаҳмонида шуда, вобаста ба масъалаҳои мубориза зидди ин зуҳуроти номатлуб, ки ба рушди ҷомеа ва иқтисодиёти миллӣ таъсири марговар мерасонад, музокирот сурат гирифтанд.
Намояндагони масъули Агентӣ зимни суҳбати рў ба рў бо кормандони Вазорат дар бораи тамоми паҳлуҳои фаъолияти Агентӣ, тарзи муроҷиат ба ин ниҳоди муҳими давлатӣ вобаста ба дарёфти маслиҳату посухҳои зарурӣ ва дигар масъалаҳое, ки ҳангоми фаъолияти корӣ ба онҳо дучор шудан мумкин аст, маълумоти муфассалу асоснок ироа намуданд.
Кормандон ҳамчунин вобаста ба масъалаҳое, ки хилофи талаботи муқаррарнамудаи қонуни мазкур мебошанд, аз қабили ҳамкориҳои хешовандони наздик дар як корхона, ки дар тобеияти бевоситаи якдигар мебошанд, манъи фаъолияти кории шахсе, ки ба ҷавобгарии ҷиноятии дорои хусусияти коррупсионӣ кашида шудааст ва дигар масъалаҳои умда маълумоти заруриро аз ҷониби кормандони Агентӣ дарёфт намуданд.
Дар охири нишасти корӣ изҳор гардид, ки дар Вазорат минбаъд низ талаботи моддаи 22-и қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия» ҳамчун дастурамали ҳатмии корӣ дар фаъолияти кормандон ба инобат гирифта хоҳад шуд.