Рӯзи 31 августи соли 2022 дар доираи Ҳафтаи ҷаҳонии об дар ш. Стокголми Шоҳигарии Шветсия Ҷамшед Шоимзода муовини якуми вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси сухангӯ дар кори Панели сатҳи баланд оид ба иқлиму сулҳ, ки аз ҷониби Маркази Стокголм доир ба ҳифзи муҳити зист, иқлим ва амният ташкил карда шуда буд, ширкат варзид.
Панели сатҳи баланд ба мавзуи таҳқиқоти амалҳои ҳамоҳангшуда дар самтҳои иқлиму сулҳ, ки ба эҷоди роҳҳои муосири баландбардории устуворӣ, инчунин амнияти инсону табиат дар шароити тағйирёбии иқлим ва бадшавии ҳолати муҳити зист мусоидат мекунад, бахшида шуда буд. Чорабинии мазкур платформаи муҳим баҳри муҳокимаи маҷмуи монеаҳо ва имкониятҳо баҳри коҳиш додани сатҳи тағйирёбии иқлим ба хотири осоиштагии инсоният маҳсуб меёфт.
Дар кори Панел, инчунин намояндагони сатҳи баланд аз Шоҳигарии Нидерландия, мақомотҳои сатҳи баланди Шоҳигарии Шветсия, Љумҳурии Чехия, Шӯрои Иттиҳоди Аврупо, Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Ҷумҳурии Арабии Миср ва дигарон иштирок намуданд.
Қайд гардид, ки тағйирёбии иқлим барои осоиштагии имрӯзу фардои инсон паёмадҳои манфї дошта, он метавонад ба эҷоди мушкилоти иқтисодӣ ва бад шудани амнияти муҳити зист, ки ба рушди бемайлони кишварҳои дунё монеа мегардад, боис шавад.