Забон – муаррифгари миллат!

Санаи 5 октябри соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи Вазорат бахшида ба таҷлили солгарди навбатии Рӯзи забони давлатӣ таҳти роҳбарии муовини якуми Вазир Шарифа Худобахш, бо даъвати масъули Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулҷаҳон Маҳмадёрова, роҳбарони ниҳодҳои зертобеъ ва кулли кормандони дастгоҳи марказии Вазорат ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид. Бо сухани ифтитоҳӣ Шарифа Худобахш ҷаласаи мазкурро ҳусни огоз бахшида, ҳамзамон қайд намуд, ки  забони нобу пурѓановати тоҷикӣ рукни асосии мавҷудияти Давлату Миллат ва мероси гаронбаҳои ниёгонамон ба шумор рафта, боиси ифтихор аст, ки маҳз бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин сана ба феҳристи ҷашнҳои кишварамон ворид гардида, ҳамчун ҷашни умумимиллӣ минбаъд ҳамеша таҷлил карда мешавад.

Сипас бо сухани табрикотӣ масъули Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулҷаҳон Маҳмадёрова баромад намуда, оид ба таърихи забон, ҳусну қубҳи ин мероси гаронмояи ниёгон ва дигар паҳлуҳои истифодаи дурусти он дар ҳуҷҷатгузории расмӣ ба самъи ҳозирин ахборот манзур намуд.

Дар рафти маҷлиси тантанавӣ дигар кормандон баромадҳо намуда, оид ба муҳимияти забони давлатӣ ва поку беолоиш нигоҳ доштани он суханронӣ намуданд. Қайд гардид, ки забони тоҷикӣ – забони сулҳу дӯстӣ, меҳру муҳаббат, ишқу вафо ва садоқату бародарӣ буда, аҷдодони мо онро маҳз барои ҳамин сифатҳои олиаш нигаҳбонӣ ва мадҳу ситоиш намудаанд.  Рӯзи забон дар рӯҳияи ифтихор аз арзишҳои фарҳанги миллӣ ва арҷ гузоштан ба ҳама муқаддасоти миллӣ, минбаъд низ таҷлил хоҳад гардид.