РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯИ ТОҶИКИСТОН

Санаи 4 – уми ноябри соли равон дар толори маҷлисгоҳи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раисии муовини Вазир муҳтарам Шарифа Худобахш ҷаласаи тантанавӣ ба ибтикори 28-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кулли кормандони дастгоҳи Вазорат баргузор гардид.

Шарифа Худобахш баъд аз ҳусни оѓоз бахшидани ҷаласа ва хайрамақдам гуфтани ҳузури иштироккунандагон, аз ҷумла изҳор дошт, ки  Конститутсияи амалкунандаи кишвар таҳти роҳбарӣ ва кӯшишу заҳматҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асоси принсипҳои демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ таҳия гардид. Қабули ин санади муҳиму сарнавиштсоз бо ҳидояту пуштибонии Пешвои муаззами миллат Истиқлолияти деринтизори кишвари азизамонро ба расмият даровард, орзую ормони деринаи халқи тоҷикро амалӣ сохт, миллати моро ба самти бунёди ҷомеаи нав ва таҳкими пояҳои давлатдории муосир раҳнамун сохт ва рушду пешрафти устувори иқтисодиву иҷтимоиро фароҳам овард.

Сипас, масъулину кормандони вазорат ба сухан баромада, роҷеъ ба ин санаву санади муҳим ибрози назар намуданд.