6 ноябри соли 2022 дар шаҳри Шарм ул-Шайхи Миср иҷлосияи 27-уми Конфронси тарафҳои Конвенсияи чаҳорчӯбаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим ба кори худ оғоз кард. Ҳадафи асосии иҷлосияи мазкур арзёбии натиҷаҳои қаблан бадастомада ва таъмини иҷрои муқаррароти Созишномаи Париж мебошад.
Ҷумҳурии Мисри Араб ҳамчун раис ва мизбони COP27 самти иҷлосияро бо таваҷҷуњ ба эҳтиёҷоти инсон дар маркази талошҳои глобалии мо барои ҳалли тағйирёбии иқлим муайян кард ва ният дорад, таваҷҷуҳи ҷаҳониёнро ба ҷузъҳои асосии ниёзҳои мардум, аз ҷумла дастрасӣ ба захираҳои об, амнияти ғизоӣ, саломатӣ ва амнияти энергетикӣ ҷалб кунад.
Бори аввал дар таърихи Конфронси тарафҳои Конвенсияи чорчӯбаи СММ оид ба тағйирёбии иқлим захираҳои об ҳамчун асоси тамоми амалҳо ва нақшаҳои иқлим таъин карда мешаванд.
COP27 платформаи беназири баҳсу гуфтушунидро барои ба ҳам овардани ҷаҳон, таҳкими ҳамкориҳои бисёрҷониба, барқарор кардани эътимод ва ҳамкорӣ дар сатҳи олӣ фароҳам меорад.
Рӯзҳои 7 ва 8 ноябр дар COP27 Саммити раҳбарони ҷаҳон баргузор шуд, ки дар он зиёда аз 120 сарони давлату ҳукуматњо ширкат доштанд. Дар ин ҳамоиш Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ иштирок намуданд. Зимни суханронии худ Пешвои миллат таъкид намуданд, ки захираҳои об дар раванди тағйирёбии иқлим ва устуворӣ ва коҳиши оқибатҳои он нақши калидӣ доранд.
Пешвои миллат дар бораи вазъи кунунии иқлим дар Осиёи Марказӣ, тадбирҳои андешидашуда, ки мушкили асосии онҳо обшавии пиряхҳо ва ӯҳдадориҳо оид ба афзоиши энергияи сабз ҳамчун саҳм дар стратегияи ҷаҳонии партовҳои сифрӣ мебошад, суханронӣ намуд.
Дар ин робита ширкаткунандагон аз ташаббуси Тоҷикистон, ки аз ҷониби Пешвои миллат дар чаҳорчӯби Иттиҳодияи обу иқлим эълон шуда, ва соли 2025 “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” эълон шудааст, ҷонибдорӣ карданд.
Кори COP-27 идома дорад ва бори нахуст дар чаҳорчӯбаи чунин конфронс рӯзи 14 ноябр он ба захираҳои об бахшида мешавад.
Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кори COP-27 фаъолона ширкат меварзад, аз ҷумла дар якҷоягӣ бо EC IFAS ва дигар шарикон 7 ҷаласаро дар мавзӯъҳои гуногун дар соҳаи гидроэнергетика, таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ дар соњаи захираҳои об ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ташкил менамояд.
Ҳайати Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар COP-27 Вазир – Далер Ҷумъа ва муовини якуми Вазир – Ҷамшед Шоимзода роҳбарӣ мекунанд.