10 ноябри соли 2022 дар шаҳри Ашқобод дар доираи 11-умин ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону ва Туркманистон дар соҳаи тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ вохӯрии Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо Муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон оид ба масъалаҳои нафту газ Ш. Абдурахманов баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба масоили васеи шарикии стратегии Тоҷикистону Туркманистон, аз ҷумла дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, ҳамкории энергетикӣ ва соҳаи нафту газ мубодилаи афкор анҷом доданд.