Дар доираи иҷлосияи 27-уми Конфронси тарафҳои Конвенсияи чаҳорчӯбаи СММ оид ба тағирёбии иқлим (COP-27 аз UNFCCC), 8 ноябри соли 2022 дар шаҳри Шарм-эл-Шайхи Миср, дар Павильони Тоҷикистон мулоќоти Муовини якуми Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Шоимзода бо узви Раёсати Ассотсиатсияи байналмилалии гидроэнергетикӣ, Раиси Созмони гидрогени сабз ҷаноби Эрик Солҳайм ва бо Директори иҷроияи Асотсиатсияи байналмилалии гидроэнергетикӣ ҷаноби Эдди Рич баргузор гардид.
Дар ҷараёни мулоқотњо вазъият ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии гидроэнергетикӣ, аз ҷумла натиҷаҳои пешакии арзёбии мутобиқати лоиҳаи сохтмони НБО «Себзор» аз ҷониби Ассотсиатсияи байналмилалии гидроэнергетикӣ дар ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон бо стандартҳои байналмилалии устуворӣ, ки Тоҷикистон дар чаҳорчӯби рушди энергетикаи сабз пайрави он аст, баррасӣ гардиданд. Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба иҷрои нақшаи чорабиниҳои тавсияшуда ҷиҳати ба даст овардани баҳои баландтарин (медали тилло) ба мувофиқа расиданд.
Дар рафти муҳокима намояндагони Ассотсиатсияи байналмилалии гидроэнергетикӣ оид ба ташаббусҳои мавҷудаи гидроэнергетикӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла лоиҳаи нави нодир байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба сохтмон ва истифодабарии ду нерӯгоҳи нави барқӣ дар ҳавзаи дарёи Зарафшон бо иқтидори умумии 320 МВт, ки барои он ташкилоти муштараки ҶСК «ТАУЗ Гидро» таъсис дода шудааст, маълумот гирифтанд.
Ҷаноби Эрик Солхайм ва ҷаноби Эдди Рич омодагии худро барои ҳамкорӣ дар самти арзёбии мутобиқати лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ дар Тоҷикистон ба стандартҳои энергетикии сабз изҳор намуда, инчунин кӯшишҳои глобалӣ ва минтақавии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар рушди энергетикаи сабз, бахусус саҳми арзанда дар татбиқи стратегияи бепартов то соли 2050, баҳои баланд доданд.