ПРЕЗИДЕНТИ МО – ИФТИХОРИ МО!

Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раисии Сорбон Холмуҳамадзода – муовини Вазир ва бо иштироки кулли кормандони дастгоҳи марказии Вазорат ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.

Баъд аз ифтитоҳи ҷаласаи тантанавӣ раисикунанда Сорбон Холмуҳамадзода бо сухани табрикотӣ баромад намуда, ҳамзамон изҳор дошт, ки бешубҳа, таҷлили ин ҷашн дар таърихи навини кишварамон худ баёнгар ва таҷассумгари бевоситаи мавҷудияти миллати шарифи тоҷик мебошад, ки дар партави дастуру ҳидоятҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои ояндаи Ватани маҳбубро баҳри рушду нумӯъ ва ояндаи дурахшон интихоб намудааст.

Таҷлили Рӯзи Президенти кишвар барои ҳамаи мо тоҷику тоҷикистониён мояи ифтихор аст, зеро маҳз бо дарназардошти саҳми арзандаву бевоситаи Сарвари Давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории навини кишвар, эҳёи давлати миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдат ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ин санаи фархунда қайд карда мешавад.

Сипас, кормандони Вазорат баромад намуда, вобаста ба саҳми беназири ин абармард – Президенти кишвар дар бунёди низоми давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ, нақши муассири ин фарзонафарзанди миллат дар бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ ва дигар хизматҳои бузургу тақдирсози Роҳбари тоҷикон суханронӣ намуданд.