РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ

24.11.2022. Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Вазорат таҳти раисии Далер Ҷумъа – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо иштироки кулли кормандони Вазорат ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид. Зимни суханронии ифтитоҳӣ ва табрикии худ Далер Ҷумъа ҳамчунин иброз дошт, ки  Парчами давлатӣ яке аз рамзҳои муҳими Истиқлолияти миллӣ, таҷассумгари асосҳои давлат ва нишоне аз давлатдории гузаштаи тоҷикон, ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад.

Имрӯз, ифтихору эҳтироми мо нисбат ба Парчами давлатӣ – Парчаме, ки ҳастӣ ва ифтихори миллии моро ифода мекунад, бениҳоят зиёд аст. Парчаме, ки нишони истиқлолият, таҷассумгари ѓурури миллӣ ва ватандории мост. Ин суннати аҷдодӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон собиқаи дерина дорад.  Тавре аз сарчашмаҳои таърихӣ бармеояд, дар аввалин давлати таъсисдодаи гузаштагони мо парчамдорӣ пешбурди давлатдорӣ ба ҳисоб рафта, ин суннат дар давраҳои минбаъда низ бо риояи расму таомули хоссаи миллӣ идома ёфтааст. Тоҷикон парчамро ҳамчун нишонаи нангу номус ва адолату осоиш нигоҳдорӣ мекарданд ва ин аст, ки ниёгони мо пар афшон будани парчамро бо сарбаландии ҳар як фард баробар дониста, барои ҳифзи он ва то ба рӯзҳои мо идома ёфтани ин суннати аҷдодӣ ҷоннисориҳо кардаанд.

Сипас, як қатор кормандони Вазорат бо суханони табрикотӣ баромад намуда, оиди ин рамзи муҳими давлатӣ, таърих ва нақши он ибрози ақида намуданд. Қайд гардид, ки Парчам барои ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ муқаддас аст. Бояд эҳтироми рамзҳои давлатӣ, аз он ҷумла парчамро ба ҷо орем, ҳамеша ва дар ҳама ҷой онро  гиромӣ дорем, баҳри ҳимоя ва поку муқаддас нигоҳ доштани он бо тамоми ҳастӣ омода бошем.