Бо мақсади таҳкими равобит ва тавсеаи ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон иҷлоси 15-уми Комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ, илмӣ ва фарҳангии байни ду кишвар дар таърихи 5 декабри соли 2022 дар шаҳри Теҳрон оғоз шуд.
Роҳбарии комиссияи мазкурро аз тарафи Тоҷикистон, Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа ва аз тарафи Ҷумҳурии Исломии Эрон, Вазири нерӯ Алиакбар Меҳробиён бар ӯҳда доранд.
Дар ҳошияи ин чорабинӣ мулоқоти раисони комиссияи муштарак баргузор гардид. Дар рафти ин дидор, ҷонибҳо роҳҳои рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, техникӣ, илмӣ ва фарҳангиро баррасӣ намуда, ҷиҳати татбиқи санадҳои байни ду кишвар баимзорасида ба мувофиқа расиданд.
Лозим ба ёдоварист, ки кори комиссия 6 декабри соли 2022 бо имзои протоколи он ба анҷом хоҳад расид.