Фонди байналмилалии наҷоти Арал (ФБНА) соли 1993 аз ҷониби Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсис дода шудааст. Соли 2023 аз таъсисёбии Фонди байналмилалии наҷоти Арал 30 сол сипарӣ мегардад. Бахшида ба ин чорабинӣ, санаи 5-7 июни соли 2023 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалӣ бахшида ба 30-солагии ФБНА баргузор карда мешавад.
Вобаста ба ин, аз ҷониби Президенти Фонди байналмилалии наҷоти Арал, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи 30-солагии ФБНА тасдиқ шуд.