Санаи 14 марти соли 2022 Далер Ҷумъа – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нишасти 3-юми вазирони энергетикаи кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар формати маҷозӣ ширкат ва суханронӣ намуд.
Сароғоз Вазир ба ҷониби Ҳиндустон, ки ба сифати раисикунанда дар чорабинии мазкур ҳузур дошт ва дигар намояндагони кишварҳои узви СҲШ барои ҳамкориҳои судмандашон дар доираи СҲШ, бахусус дастгириҳояшон дар мавсими сармои гузашта, изҳори миннатдорӣ намуд.
Мавсуф қайд намуд, ки СҲШ давоми солҳои мавҷудияташ ба майдони самараноки ҳамкориҳои кишварҳои узв мубаддал гардид, мақоми арзанда ва мавқеи худро дар сатҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ соҳиб ва ба яке аз майдонҳои фаъол дар муносибатҳои байналмилалӣ табдил ёфт. Тамоми фаъолияти Созмон ба устувор намудани дӯстӣ ва ҳамсоягии нек байни кишварҳои узв, таҳкимбахшии сулҳу амният ва оромӣ дар минтақа, вусъатбахши ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар бахши иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, мукаммалсозии заминаи меъёрии ҳуқуқӣ ва рушди имкониятњои ҳамкорӣ дар доираи созмони мазкур, таҳкимбахши обрӯю эътибор ва мавқеи байналмиллалии СҲШ равона карда шудааст.
Дар доираи фаъолияти СҲШ ҳамчунин ҳамоҳангозии амалҳои кишварҳои узви СҲШ вобаста ба масъалаҳои марбут ба энергетика, бо ба инобат гирифтани дорои иқтидори бузурги энергия будани минтақа, қайд гардид.
Ҳамчунин, дар рафти кори нишаст таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони НБО Роғунро идома дода истодааст ва он дар оянда на танҳо амнияти энергетикии Тоҷикистонро таъмин менамояд, балки дар афзоиши ҳаҷми содироти неруи барқ ба ҳамсоякишварҳо низ саҳмгузор хоҳад буд.
Дар рафти музокирот аз ҷониби роҳбари аввали вазорат доир ба лоиҳаҳои сармоягузории байниминтақавӣ, рушди энергияи сабз, бунёд ва таҷдиди манбаъҳои нави тавлиди неруи барқ, аз ҷумла неругоҳҳои дар ҳавзаи дарёи Зарафшон дар доираи муштарак байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон сохташаванда, таъкид гардид.
Вобаста ба тағйирёбии иқлим Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоқикистон сухан ронда, аз ҷумла қайд намуд, ки соҳаи энергетика низ аз равандҳои дар ин самт бавуқуъомада дар канор намонд. Мусаллам аст, ки оби дар неругоҳҳо истифодашаванда аз ҳисоби пиряхҳо ба вуҷуд меоянд, ки мутаассифона, солҳои охир босуръат об шуда истодаанд.Тибқи арзёби коршиносон пиряхҳои Тоҷикистон давоми асри сипаригардида 30 фисади ҳаҷми худро аз даст додаанд, ки маҳз бањри ҳифзи онҳо ташаббуси навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумњурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба соли 2025 эълон гардидани “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” аз ҷониби Созмони Милали Мутаҳид пазируфта шуд.
Илова бар ин, қайд гардид, ки бобати мутобиқшавӣ ба воқеияти имрӯза Тоҷикистон афзоиши истеҳсоли неруи барқро тавассути ҷорӣ намудани манбаъҳои барқароршавандаи энергия ба нақша гирифтааст, ки то соли 2030 иқтидори муқарраргардидаи истеҳсоли барқ аз ҳисоби энергияи офтобӣ ва шамол бояд на камтар аз 700МВт -ро ташкил диҳад. Дар ин самт аллакай якҷо бо шарикони рушд лоиҳаи якчанд истгоҳҳои офтобӣ таҳия гардида истодаанд. Айни замон, ҳаҷми умуми сармоягузории кишварҳои узви СҲШ ба соҳаи энергетикаи Тоҷикистон зиёда аз 1,3 млрд. доллари америкоиро ташкил медиҳад.
Аз ҷониби Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин ҳамкориҳо дар соҳаи комплекси энергетикию сӯзишворӣ дар доираи СҲШ қайд гардид. Тавре иброз гардид, ҳамасола дар доираи шартномаҳои дуҷониба аз Федератсияи Россия қисми назарраси маҳсулоти нафтӣ тариқи тавозуни индикативӣ ба ҷумҳурӣ ворид мегардад. Ба чоргонаи асосии шарикон оид ба воридоти маҳсулоти нафтӣ ба кишвар ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон дохил мегарданд.
Аз ҷониби иштироккунандагони нишасти имрӯза доир ба кӯшиши хосаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи лоиҳаҳои марбут ба истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, ки на танҳо дар доираи кишварҳои фарогири СҲШ, балки дар миқёси ҷаҳон иқдоми муваффақ ба шумор меравад, махсус қайд гардид.
Дар хотимаи нишаст аз ҷониби вазир ба ҳамаи иштирокчиён пешниҳод бобати дарёфти роҳҳои минбаъдаи ҳамкориҳои судманд байни кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ва ҳалли тамоми дигар масъалаҳои рӯзмарра дар доираи Созмони мазкур изҳор гардид.