Наврӯз – эҳёгари фарҳанг ва анъанаҳои миллии тоҷикон

Имрӯз дар саҳни толори даромадгоҳи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба истиқболу пазироии Наврӯзи хуҷастапай бо ибтикори роҳбарияти Вазорат гӯшаи Наврузӣ ташкил карда шуд, ки дар он осори ҳунарҳои мардумии тоҷикон, асбобу ускунаи чӯбин, бардевориҳои зардӯзиву гулдузӣ ва қуроқӣ, кафшу пероҳанҳои қадимаи тоҷикӣ ва дигар ашёе, ки аз ҳунармандии мардуми куҳанбунёдамон шаҳодат дода, аз ҷониби кормандони Вазорат ҷамъоварӣ гардида буд, ба мазраи тамошо гузошта шуд. Хони оростаи ҳафт син ва ҳашт шин, ки яке аз анъанаҳои Наврӯз ба шумор рафта, аз ҳунарҳои волои табохии кадбонуҳои тоҷик шаҳодат медиҳад, ба ҳусни гушаи наврўзӣ ҳусни тоза зам намуд. Ҳадаф аз баргузории гӯшаи мазкур ин бори дигар ёдрас гардидан аз ҳунармандиву ихтисосмандии мардуми диёрамон, зинда гардонидани осори бойи ҳунарҳои мардумӣ ва рӯй овардан ба расму анъанаҳои дурмондаи ниёгон мебошад.
Бояд иброз дошт, ки эҳёи суннат ва оинҳои наврӯзӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ ҳамчун паёми мардуми кӯҳанбунёди тоҷик ва сокинони ҳавзаи тамаддуни Наврӯз ба оламиён, мақоми байналмилалӣ гирифтааст. Муҳимтар аз ҳама расму оин ва суннатҳои наврӯзӣ дар вуҷуди хеш падидаҳои барҷастаи инсонгароӣ ва маънавиёти баландро ҷой додааст, ки шинохти онҳо ба худогоҳии маънавӣ ва худшиносии миллӣ, ваҳдату ҳамдилии мардум, пайванди наслҳо ва инчунин ташаккули фарҳангу ахлоқи ҳамидаи тоҷикӣ мусоидат мекунад.