ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ

Имрӯз дар маҷлисгоҳи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Далер Ҷумъа – Вазири энергетика ва захираҳои об, бо иштироки кормандони дастгоҳи марказии Вазорат ва ниҳодҳои зертобеъ бахшида ба Наврӯзи аҷам ва Рӯзи ҷаҳонии об ҷаласаи танатанавӣ баргузор гардид.
Баъд аз ҳусни оғоз бахшидани ҷамъомади тантанавӣ, Раисикунанда аҳли толорро аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз номи Ҳукумати мамлакат ва аз номи роҳбарияти Вазорат ба муносибати Иди баҳор – Наврӯзи оламафрӯз, ки қадимтарин ва зеботарин ҷашни мардуми диёри аҷдодиамон ба шумор рафта, ҳамчун ёдгории ҷовидонаи гузаштагонамон дар кишвари ободу озодамон бо тантана ҷашн гирифта мешавад, сидқан табрику таҳният гуфта, барояшон саодатмандиву хонаободӣ, иқболи неку шодкомӣ ва барори кору фазои софро арза намуд.
Қайд гардид, ки Наврӯз, ки дар кишварамон ба шарофати истиқлолияти давлатӣ бо тамоми шукуҳу шаҳоматаш аз нав эҳё гардид, ҳоло ба ҷашни милливу давлатии мо – тоҷикон ва рамзи худшиносиву ифтихори миллӣ, ваҳдату ҳамдилии мардум ва пайванди наслҳо табдил ёфтааст.
Дар ин айёми шукуфоии табиат, фасли баҳори гулбасар миллати куҳанбунёди мо аз он шукргузорӣ менамоянд, ки ормонҳои ҳазорсолаи давлатсозиву давлатдории тоҷик ва гузаштагони озодихоҳамон бо кўшишу талошҳо ва бурду бохт оқибат ҷомаи амал пӯшид ва мову шумо имрӯз соҳиби давлати соҳибистиқлол ва зебову ободу озоди худ ҳастем.
Таърих гувоҳ аст, ки Наврӯз, ки дар сарнавишти миллати мо ва тамоми меросбарони он нақши барҷаста дорад, ҳамчун падидаи нотакрори фарҳангӣ ва унсури тамаддуни миллӣ дар айни замон ҷаҳонишудаи аҷдодиамон, дар масири таърих тамоми инсониятро ба созандагиву офарандагӣ, барои эҷод ва бунёди тарҳи нави зиндагӣ ва ташаббусу иқдомҳои тоза ҳидоят намудааст. Тоҷикистони соҳибистиқлол имрӯз волотарин суннатҳои Наврӯзро чун дар аҳди Куруши Кабиру Доро, Исмоили Сомонию Рӯдакӣ аз нав эҳё намуд ва шукуҳи тоза бахшид.
Бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пуштибонии як қатор мамлакатҳои ҷаҳон ҷашни ниёгони мо Наврӯз, 19 феврали соли 2010 дар иҷлосияи 64, аз ҷониби Маҷмааи Умумии СММ Рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон карда шуда, дар саросари ҷаҳон бо шукуҳу шаҳомат таҷлил мегардад. Аз ин рӯ, Тоҷикистон ба ҳайси давлати комилҳуқуқ ва ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон саҳми худро дар фарҳанги ҷаҳон гузоштааст. Ин иқдом аз бузургиву шаҳомати Наврӯз, ки минбаъд доманаи анъанаҳои он чун пайвандгари тамаддунҳо ва халқу кишварҳо густариш хоҳад ёфт, шаҳодат медиҳад.
Дар фарҷоми ҷамъомад Далер Ҷумъа таманно намуд, ки оташе, ки ба ифтихори Наврӯз аз замони Зардушт то ба имрӯз фурӯзон аст, чун рамзи ҷовидонии ҳаёт ва офтоби ҷаҳонафрӯз доимо шуълаафшон бошад ва дар роҳи ободониву пешрафти диёри маҳбуби мо – Тоҷикистони азиз нури бахту саодат бипошад.