Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Далер Ҷумъа дар чорабинӣ дар мавзӯи «Об-энергетика-озуқаворӣ-муҳити зист» иштирок ва суханронӣ намуд.
Чорабинии мазкур 22 марти соли 2023 дар доираи Конфронси СММ оид ба захираҳои об-2023, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, EC IFAS ва Ассотсиатсияи байналмилалии гидроэнергетикӣ ташкил карда шудааст, баргузор гардид.