Конфронси СММ оид ба баррасии фарогири миёнамуҳлати Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028”

Санаи 22-24 марти соли 2023, дар шаҳри Ню Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба баррасии фарогири миёнамуҳлати Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” баргузор гардид.
Ҳадаф аз баргузории Конфронс ин барасии ҳамаҷонибаи миёнамуҳлати татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028 ва муайян намудани нақшаҳо барои нимаи дуюми Даҳсола ҷиҳати вусъатбахшӣ ба расидан ба ҳадафҳои дар сатҳи байналмилалӣ мувофиқашудаи марбут ба об буд. Барномаи Конфронс аз 6 ҷаласаҳои пленарӣ, 5 муколамаҳои интерактивӣ, 4 чорабинии махсус, зиёда аз 600 чорабиниҳои канорӣ ва як қатор чорабиниҳои фарҳангӣ иборат буд. Дар Конфронси таърихӣ зиёда 10 ҳазор иштирокчӣ, аз ҷумла 6,5 ҳазор ҳузурӣ, зиёда аз 10 ҳайат дар сатҳи роҳбари давлат ва роҳбари ҳукуматҳо, зиёда аз 90 ҳайат дар сатҳи Вазир ва Дабири кулли СММ иштирок намуданд.
Дар маросими пушидашавӣ, яке аз натиҷаҳои Конфронс- Барномаи амал дар соҳаи об, ки дар он зиёда аз 700 уҳдадориҳои ихтиёрӣ қайд шудааст, аз номи ҳамраисони Конфронс, яъне Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Нидерланд аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Котиби Генералӣ ва Президенти Маҷмаи Умумии СММ супорида шуд.