14.04.2023. Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Вазорат ҷаласаи Мушовараи Вазорат бо натиҷаҳои фаъолият давоми семоҳаи якум ва вазифаҳо барои нимсолаи якуми соли 2023 бо иштироки роҳбарият, аъзоёни ҳайати Мушовара, сардорони сохторҳои дахлдори дастгоҳи марказии Вазорат, роҳбарони корхонаву муассисаҳои соҳаи энергетика, захираҳои об ва нафту газ ва намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Далер Ҷумъа, баргузор гардид.
Дар рӯзномаи ҷаласа асосан баррасии масъалаи ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти корхонаву муассисаҳои соҳаҳои энергетика, захираҳои об ва нафту газ дар семоҳаи якум ва вазифаҳо барои нимсолаи якуми соли 2023 пешбинӣ гардида, вобаста ба он Худобахш Шарифа Орусбек – муовини Вазир гузориши муфассалро манзур намуд.
Зимни кори ҷаласаи Мушовара қайд гардид, ки новобаста аз дастовардҳо дар фаъолияти корхонаву муассисаҳои соҳаҳои электроэнергетика, об ва нафту газ давоми давраи ҳисоботӣ, камбудиву норасоиҳо низ мавҷуданд.
Аз ин лиҳоз, аз роҳбарони корхонаю муассисаҳои дахлдор ва бахусус, аз ниҳодҳои соҳаи электроэнергетика, ҶСК «Барқи Тоҷик», шабакаҳои интиқол ва тақсимоти барқ, сохторҳои ҶСК «Нафту газ» ва захираҳои об вобаста ба масъалаҳои давоми ҷаласа инъикосгардида, камбудиҳои ҷойдошта, мушкилот ва роҳҳои ҳалли онҳо пурсиш ба амал оварда шуд.
Дар фарҷоми ҷаласа лоиҳаи дахлдори қарори Мушовара бо натиҷаҳои баррасии масъалаи рӯзномаи ҷаласа, ки аз ҷониби котиботи Мушовара омода карда шуда буд, аз тарафи ҳайати Мушовара мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Таклиф шуд, ки лоиҳаи қарори ҷаласа бо ба инобат гирифтани таклифу пешниҳодҳо ва эродҳои аз ҷониби баромадкунандагон изҳоргардида пурра гардонида шуда, сипас барои имзо пешниҳод карда шавад.
Бо ҳамин, ҷаласаи Мушовараи Вазорат бо натиҷаҳои фаъолият давоми семоҳаи якум ва вазифаҳо барои нимсолаи якуми соли 2023 кори худро ба анҷом расонид.