Санаи 19 апрели соли 2023 Ҷумъа Далер Шофақир – Вазири энергетика ва зхираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Умут Аҷар – Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро, бо дархости он ҷониб ба ҳузур пазируфт.
Сарравал Далер Ҷумъа Умут Аҷарро ба Вазорати энергетика ва захираҳои об хайрамақдам гуфта, барои таъин гардиданаш ба вазифаи сафирӣ табрик ва дар рисолати дипломатиаш дар Тоҷикистон комёбиҳои назаррасро таманно намуд.
Зимни мулоқот, ҳамчунин маҷмӯи ҳамкориҳои дуҷониба дар самти энергетика ва захираҳои об мавриди муҳокима қарор дода шуд. Дар идома, муҳтарам Вазир роҷеъ вобаста ба муҳимияти бунёди сохтмони неругоҳи барқи обии «Роғун», барқарорсозии неругоҳҳои Нораку Қайроққум ва ҳадафҳои гузошташудаи мамлакат дар рушди соҳаи электроэнергетика то давраи соли 2030 ибрози назар намуд.
Дар хотима,Сафир омодагии кишварашро бобати тақвияти ҳамкориҳо дар самти неруи барқароршаванда, бахусус дар бунёди неругоҳҳои бодию офтобӣ бо назардошти таҷрибаи бойи Туркия баён намуд.