Санаи 4 майи соли 2023 Далер Ҷумъа – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ноиби Президенти Агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА) ҷаноби Умит Наҷи Йорулмаз ба ҳузур пазируфт. Дар оғози мулоқот Далер Ҷумъа ба мардуми Туркия дар иртибот ба фоҷеаи рухдодаи заминларзаи шадид, ки қурбониву ҳисороти зиёдеро дар худ дошт, изҳори тасаллияту ҳамдардӣ намуда, ҳамзамон иброз дошт, ки Тоҷикистону Туркия ду кишвари ба ҳам дӯст буда, дар ҳама ҳолатҳо омодаанд ба кӯмаку дастгирии ҳамдигар талош намоянд.
Ҳамчунин, зимни мулоқот Вазири энергетика ва захираҳои об ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Туркияро дар бахшҳои гуногун, аз ҷумла дар соҳаи обу энергетика дар сатҳи баланд арзёбӣ намуда, масъалаи бунёди нави Маркази саломатӣ дар ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ, таҷдиди бинои Коллеҷи энергетикии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва инчунин масъалаи ташкили курсҳои бозомӯзӣ марбут ба соҳаи энергетика дар Ҷумҳурии Туркияро мавриди баррасӣ қарор дод.
Дар ин замина, аз ҷониби Умит Наҷи Йорулмаз пешниҳод гардид, ки Маркази саломатӣ дар ноҳияи Роштқалъа дар сатҳи баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замон бунёд карда шуда, бо таҷхизоти замонавии дорои технологияҳои муосир муҷаҳҳаз гардонида мешавад. Илова бар ин, аз ҷониби намояндаи ТИКА бунёди майдончаи бозии кӯдакон дар назди Маркази саломатии мазкур иброз гардид.
Дар фарҷоми мулоқот аз ҷониби Далер Ҷумъа, Вазири энергетика ва захираҳои об қайд гардид, ки Ҷумҳурии Туркия новобаста аз мушкилоти мавҷуда дар пешрафти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ саҳмгузор аст.
Дар маҷмуъ, мулоқот дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳум баргузор гардид.