Санаи 10 майи соли 2023 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 84-уми Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии оби Осиёи Марказӣ (МКВК) баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур масъалаҳои марбут ба натиҷаҳои обгирӣ ва реҷаи кории силсилаобанборҳо дар давраи байнинашъунамои солҳои 2022-2023 дар ҳавзаҳои дарёҳои Сир ва Аму, тасдиқи меъёрҳои обгирӣ ва реҷаи кории силсилаобанборҳо дар ҳавзаҳои дарёҳои номбурда дар давраи нашъунамои соли 2023, иҷроиши пешниҳодҳо ва ташаббусҳои Сарони давлатҳои таъсисдиҳандаи Фонди байналмилалии наҷоти Арал (ФБНА), ки дар Саммити Сарони давлатҳои таъсисдиҳандаи ФБНА дар ш. Туркменбошии Туркманистон баён гардида буданд ва дигар масъалаҳои марбут ба он баррасӣ гардиданд.
Дар маҷмуъ, ҷаласаи мазкур дар фазои дӯстӣ ва ҳусни ҳамдигарфаҳмӣ доир гардида, ҷонибҳо омодагии хешро барои ҳамкориҳои минбаъда иброз намуданд.