Санаи 28 июли соли 2023 дар толори маҷлисгоҳи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласа доир ба тарғибу ташфиқ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ дар мавзӯи муқовимат ба экстремизм ва терроризм баргузор гардид.
Дар рафти ҷаласа қайд карда шуд, ки экстремизм ва терроризм яке аз проблемаи асосии имрӯза буда, махсусан ҷавононро бо ҳар гуна ваъдаҳои бардурӯғи динию дунявӣ ҷалб намуда, онҳоро ба ҷараёнҳои террористӣ сафарбар менамоянд.
Имрӯз ва дар оянда низ терроризм ва экстремизм ҳамчун хавфноктарин таҳдидҳо барои ҷомеаи ҷаҳон боқӣ монда, бо истифода аз технологияи муосир, ки босуръат рушд намуда истодааст, тарзу усулҳои нави истифодабариро ба худ касб мекунад.
Дар ҷаласа баромадкунандагон дар хусусӣ ҳалокати ҳазорон мардуми осоиштаи сайёра, алалхусус қисми осебпазири ҷомеа занону кӯдакон аз ин хатари марговар суханронӣ намуда, амалу кирдори ваҳшиёна, ҳадафу мақсадҳои нопоки як тӯдаи аз фарҳангу маърифат дур, бехирад ва ҷоҳилу нотавонбин будани чунин афродро маҳкум намуданд.