Дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 04 марти соли 2005, №АП-1677 ва тибқи супориши болозикри Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 31-уми июли соли 2023 дар толори маҷлисгоҳи Вазорат, нишасти матбуотии Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо натиҷаҳои фаъолияти Вазорат ва ниҳодҳои зертобеъ дар нимсолаи якуми соли 2023, бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла шабакаҳои телевизионии “Шабакаи якуми Тоҷикистон”, “Сафина”, “Ҷаҳоннамо”, “Душанбе”, “ВВС”, АМИТ “Ховар”, агентиҳои иттилоотии “Азия Плюс”, “Интерфакс”, “Рейтер”, “Спутник Тоҷикистон”, ”МИР”, “ТАСС”, “Авеста”, рӯзномаҳои “Минбари халқ”, “Садои мардум”, “Ҷумҳурият”, “Народная газета”, “Халқ овози”, “Пайк”, радиоҳои “Садои Душанбе”, “Тоҷикистон”, “Ховар”, “Озодӣ”, “Овози тоҷик”, “Радиои бурунмарзӣ” ва дигарон баргузор гардид.
Нишасти матбуотии навбатӣ, бо иштироки роҳбарият ва дигар масъулини Вазорат, роҳбарони аввали ҶСК “Барқи Тоҷик” ва ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ”, муовини ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ”, роҳбарони Хадамоти назорати давлатии энергетикӣ ва Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ, ҶСК “Тоҷиктрансгаз”, ҶСК “Нафтугаз”, МБГ Душанбе -1 ва МБГ Душанбе-2, Гуруҳи татбиқи лоиҳаҳои “Кам намудани талафоти энергия” ва Маркази идораи лоиҳаҳои бахши электроэнергетика, баргузор гардид.
Сараввал ба намояндагони воситаҳои ахбори омма оид ба натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои энергетика, захираҳои об ва нафту газ дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ ҳисоботи мухтасари қаблан омодакардашуда дар шакли варақа пешниҳод карда шуд, ки дар он вобаста ба натиҷаҳои давоми давраи ҳисоботӣ бадастомада ва нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ дар соҳаҳои энергетика, захираҳои об ва нафту гази кишвар, дастоварду мушкилоти мавҷуда, аз он ҷумла вазъи иқтисодӣ ва молиявии корхонаҳои низоми энергетикии кишвар, натиҷаҳои таҷдиди ширкати энергетикӣ ва фаъолияти ҷамъиятҳои самтҳои алоҳидаи фаъолият, рафти татбиқи барномаҳои соҳавӣ, лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ, ташкили бозори фурӯши минтақавии неруи барқ, бароҳандозии иқтидорҳои нави тавлиди неруи барқ, кам намудани талафоти техникиву тиҷоратӣ, чораҳои татбиқшудаистодаи зиддисадамавӣ, тадбирҳои андешидашудаистода доир ба фаъолияти дуруст дар мавсими сармои дарпешистода, татбиқи ислоҳоти соҳаи об, ҷорӣ намудани механизмҳои муосири институтсионалӣ ва ҳуқуқӣ дар соҳаи об, пешбурди сиёсати обӣ дар кишвар ва барқарор намудани инфрасохтори хоҷагии об ва беҳдошт, ҷорӣ намудани идоракунии самараноки захираҳои об дар сатҳи ташкилотҳои ҳавзавии дарёҳо, бароҳандозии механизмҳои муосири ҳуқуқӣ оид ба танзими соҳаи об, ҳаллу фасли мушкилот дар соҳаҳои марбут ба таъмини оби нӯшокӣ, мелиоратсия ва обёрӣ, масъалаҳои марбут ба соҳаи нафту газ ва иҷрои дигар вазифаҳои марбут ба соҳаҳои таҳти тобеияти Вазорат қарордошта, ахборот ҷойгир карда шуда буд.
Сипас, рӯзноманигорон ба саволҳои худ, ки бештар ба мавзӯи таъмини устувори неруи барқ, масъалаҳои марбут ба ҷорӣ намудани низоми назорат ва ҳисоби неруи барқ, масъалаҳои беҳсозии шабакаҳои барқии мамлакат, самаранокии васлу насби лавҳаҳои офтобӣ, фаъолияти неругоҳҳои барқи обии кишвар, содироти неруи барқ ба хориҷи кишвар, истифодаи самараноки неруи барқ, раванди масъалаҳои алоқаманд ба об дар миқёси минтақа ва кишвар ва ҳалли мушкилоти он, тақвияти корҳо доир ба масъалаҳои об, таъмини хоҷагии халқи кишвар бо маводи сӯхт ва вазъи воридоти маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ ба кишвар, рафти корҳо дар соҳаи истихроҷи нафту газ, натиҷаи ҳамкориҳо бо ширкатҳои хориҷии дар соҳаи нафту газ фаъолиятбаранда, фаъолияти бемайлони марказҳои барқу гармидиҳӣ дар ш.Душанбе ва таъминот бо гармӣ дар мавсими сармои ҷорӣ, лоиҳаи CASA-1000 ва дигар лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ва дигар масъалаҳои соҳа дахл доштанд, аз ҷониби роҳбарият, масъулини Вазорат ва ниҳодҳои зертобеъ посухҳои қаноатбахш, асоснок ва муфассал гирифтанд.
Дар фарҷоми нишасти матбуотӣ, аз ҷониби роҳбари аввали Вазорат ба намояндагони воситаҳои ахбори омма вобаста ба ҳамкориҳояшон дар пешбурд ва инъикоси дастоварду мушкилоти дар фаъолияти ҳамарӯзаи Вазорат ҷойдошта, алалхусус кӯшишҳои кормандони соҳа баҳри таблиѓи мавзуъҳои рӯзмарра, аз ҷумла кам намудани талафоти неруи барқ, сарфаву сариштакорона истифодабарии барқ ва об, вусъатбахшии раванди ҷамъоварии маблаѓи барқи истифодагардида ва дигар масъалаҳои марбут ба соҳаҳои энергетика, нафту газ ва об миннатдорӣ баён гардида, ҳамзамон иловатан хоҳиш ба амал оварда шуд, ки кӯшишҳои давлату ҳукумат ва масъулини соҳаи барқи кишварро дар робита ба истифодаи сарфаву сариштакоронаи об, барқ ва беҳтаргардонии фарҳанги пардохтпазирии истифодабарандагони неруи барқро дар намоишу барномаҳо ва саҳифаҳои матбуоти даврӣ минбаъд низ ҷоннок намоянд.
Ҳамчунин, қайд карда шуд, ки ин ҳамкориҳои зичи сохторҳои давлативу воситаҳои ахбори омма, ки ба пешравии ҷомеа ва дар маҷмуъ барои боз ҳам беҳтар гардидани сатҳи некуаҳволии сокинони кишвар нигаронида шудаанд, минбаъд низ самаранок идома хоҳанд ёфт.