Рӯзи 20 августи соли 2023 дар шаҳри Стокголми Шоҳигарии Шветсия Ҳафтаи ҷаҳонии об таҳти мавзӯи “Оғози тағйирот: Ҳалли инноватсионӣ барои ҷаҳони об” ба кори худ оғоз кард, ки дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми вазири энергетика ва захираҳои об Шоимзода Ҷамшед иштирок ва гӯшаи намоишии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таблиғи ташаббусҳои глобалии кишвар дар соҳаи обу иқлимро ташкил ва муаррифӣ намуда истодаанд.
Дар ҳамоши мазкур коршиносону намояндагони кишварҳо ва созмону ташкилотҳои пешбарандаи масъалаҳои обу иқлим ширкат меварзанд, ки меҳвари асосии муҳокимаву гуфтугузорҳоро мавзуҳои марбут ба ҷанбаъҳои гуногуни об ташкил медиҳанд.
Ҳафтаи ҷаҳонии об оғоз аз соли 1991 аз ҷониби Донишкадаи байналмилалии масъалаҳои оби Стокголм доир карда мешавад, ки Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон љињати иҷрои Нақшаи чорабиниҳои амалигардонии Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028 дар кори он њамасола иштирок ва гӯшаи намоишии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масъалаҳои обро ташкил менамояд, ки ањамияти муњими минтаќавї ва љањониро дорад.